Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, кӯпруки мошингузар дар болои дарёи Кофарниҳон бахшида ба 35 –солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори муввафақи ҷумҳурӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш дар равандии корҳои ободонию бунёдкорӣ сохта шудааст.

Дар маросими ба истифода додани пули мошингузар дар деҳаи Шерхонии Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор роҳбарияти шаҳр, сармоягузорони ватанӣ ва сокинону меҳмонон аз ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ба соҳибкори ватанӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш барои анҷоми ин амали нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр «Сипоснома» тақдим намуд.

Гуфта шуд, ки соҳибкорони саховатпешаю ҳимматбаланд дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои наҷибро пеш гирифтаву амалӣ менамоянд. Ин ташаббусҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» вусъати бештар гирифтаанд.

Кӯпруки мошингузар, дар баробари он ки шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро ба ҳам мепайвандад, ҳамчун пайвандгари дилҳо мардумро ба ҳам наздик намуда, инчунин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор