Дар форум масъалаҳои коҳиши нобаробарии рақамӣ, таъмини пайвастагии устувор дар минтақаҳои дурдаст, танзими ҷараёнҳои фаромарзии маълумот ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин иштирокчиён ба масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ дар рушди устувор ва таҳкими амнияти киберӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иброз дошт, ки баргузории чунин форуми сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи байналмилалӣ ба рушди фазои рақамӣ дар минтақа шаҳодат медиҳад. Дар ин замина Тоҷикистон дар доираи сиёсати давлатӣ барои рушди иқтисоди рақамӣ ва таъмини дастрасии фарогир ба интернет тадбирҳои муассир меандешад.
«Имрӯз масъалаи дастрасӣ ба интернет танҳо имконияти техникӣ нест, балки омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини баробарии имконият ва тақвияти ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Мо талош дорем, ки фазои рақамии мамлакатро ба муҳити бехатар, устувор ва дастрас барои ҳар шаҳрванд табдил диҳем», – баён намуд Исфандиёри Саъдулло.
Гуфта шуд, ки Форуми CAIGF давоми даҳ соли фаъолият ба платформаи асосии муколамаи бисёрҷониба байни давлатҳо, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ табдил ёфтааст.
Имсол интихоби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон бозгӯи нақши рӯзафзуни давлат дар ташаккули фазои ягонаи рақамии минтақа мебошад.
Таъкид шуд, ки натиҷаҳои форум метавонанд ба таҳияи сиёсати муассири рақамӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори рақамӣ мусоидат намоянд.
Иштирокчиёни форум барои идомаи муколамаи созанда ва татбиқи ташаббусҳои муштараки рушди фазои рақамии фарогир ва бехатар дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Источник: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий